Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд
Иштирок ва суханронии Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД
Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд
Рӯзи 11-уми ноябр мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои тақвияти ҳамкорӣ ва мубориза бо коррупсия ёддошти тафоҳум измо намуданд. Ҳадаф аз имзои санади нав ҳамоҳансозии фаъолияти ниҳодҳои масъул, табодули иттилоот дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасоди фаромиллӣ мебошад.
Ин ёддошти тафоҳумро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Саид Султонзода ва раиси Идораи назорат ва мубориза бо коррупсияи Арабистони Саудӣ Мозин бин Иброҳим Ал-Каҳмус имзо карданд.
Дар ин бора Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ (SPA) хабар дода, навишт, ки яке аз ҳадафҳои асосии имзои тафоҳумнома ҳамкории дуҷониба барои муқовимат ба ҳолатҳои коррупсионие мебошад, ки хусусияти фаромиллӣ доранд.
Таъкид шуд, ки дар доираи ин тафоҳумнома ҷонибҳо метавонанд иттилоот марбут ба ҷиноятҳои коррупсиониро табодул карда, барои баланд бардоштани фаъолияти ниҳодҳои масъули ду кишвар ҳамкорӣ намоянд.
Дар мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳамчунин, вазъи робитаҳои дуҷониба низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ду ҷониб роҳҳои рушди ҳамкориҳоро дар самти таҳкими поквиҷдонӣ, шаффофият ва мубориза бо коррупсия баррасӣ карданд.
Санади мазкур заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар мақомоти зиддикоррупсионии ду кишварро фароҳам мекунад ва ба табодули тиҷрибаву иттилоот дар ин самт мусоидат менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод