3 Ноябр 2026,
сешанбе, 12:47, Душанбе
17.09.2026 08:37

Пешвои миллат бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд

17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд.

Дар ин росто, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд.

“Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки дар заминаи тадбирҳои дар ин самт амалишуда дар 35 соли истиқлол теъдоди мактабҳои олӣ дар кишвари мо аз 13 то ба 51 ва шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор  то ба 230 ҳазор нафар расидааст.

"Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки мо ҳамеша барои ҷавонон ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ дар хориҷи кишвар шароиту имконоти зарурӣ муҳайё месозем. Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари дунё, ба шумули Ҷумҳурии Корея машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд", - зикр мегардад дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби Корея ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ва грантҳо ҷудо мекунад. Ҳоло дар  Ҷумҳурии Корея аз кишвари мо беш аз 350 нафар донишҷӯ, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея, таҳсил менамояд ва шумораи хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари дӯст сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.