Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дар нахустин сафари Пизишкиён ба Душанбе имзои чанд санад ва мулоқотҳои муҳим дар назар аст
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин бор барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоварад. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар ин сафар бо мақомоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, чанд санади муҳимми ҳамкориро имзо хоҳад кард.
Таъкид мешавад, ки Масъуд Пизишкиён бо ҳайати тоҷирону соҳибкорони эронӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар ҷараёни сафар президени Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари мулоқот ва гуфтугӯ бо роҳбарияти олии кишвари Тоҷикистон, бо дигар қишрҳои ҷомеа низ вохӯриву гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар доираи сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ҳайатҳои баландпояи тоҷирону соҳибкорони эронӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ дидор ва гуфтугӯ намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ ва эҷоди равобити тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Сомонаи Хонаи бозаргонии Эрон иттилоъ медиҳад, ки “Дар доираи сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон ҳамзамон 15-16-уми январи соли равон як ҳайати бузурги тоҷирони эронӣ, бо роҳбарии раиси Хонаи бозаргонӣ, саноат, маодину кишоварзии Эрон вориди шаҳри Душанбе мешаванд”.
Ин манбаъ гузориш медиҳад, ки ба барномаи пешбинишуда баргузории ҳамоиш ва нишастҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ бо ҳузури ширкатҳо ва мақомоти Тоҷикистон шомил мешавад. Ҳамчунин, боздид аз марказҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ ва баргузории нишасте дар сафароти Эрон дар Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
ВАО-и эронӣ менависанд, ки ба пешвози сафари қарибулвуқуи Масъуд Пизишкиён мақомоти соҳаи маорифи Эрон масъалаи суръат бахшидан ба корҳои сохтмони “Мадрасаи Рӯдакӣ” ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин заминаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тибқи иттилои мақомоти эронӣ “Мадрасаи Рӯдакӣ” бояд дар Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин фурсат сохта ва ба истифода дода шавад.
ВАО-и эронӣ хабар медиҳанд, ки бо Масъуд Пизишкиён ҳайате аз табибони эронӣ ба Тоҷикистон сафар намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тибро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Қобили зикр аст, ки Масъуд Пизишкиён пас аз интихоб ба ҳайси президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин бор ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар маросими савгандёкунии Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд