15.10.2026 16:35
14-уми октябр вазири маорифи Давлати Кувайт Ҷалол Абдулмуҳсин Ат-Табтабоӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
15.10.2026 13:41
Дар шаҳри Душанбе як далели коркард ва фурӯши маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор карда шуд.
15.10.2026 13:28
Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.
15.10.2026 13:15
Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон аз баргузор шудани даври ҳафтуми машваратҳои вижаи Ҳиндустон ва Русия оид ба Афғонистон ва Покистон дар Деҳлии Нав хабар додааст.
15.10.2026 13:06
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имконияти коҳиш додани таҳримҳо бар зидди баъзе киштиҳои интиқолдиҳандаи нафти Русия, Эрон ва Венесуэларо баррасӣ мекунад.
15.10.2026 10:50
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.
15.10.2026 08:48
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 мухлиси футбол, ки ҳангоми баргузории бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ доданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
15.10.2026 07:47
14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку бо президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд.