Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико сафар карданд
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5-уми ноябр ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карданд.
Ба навиштаи манбаъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар намуданд.
Бояд гуфт, ки Сарвари давлат 4-уми ноябр дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат дар суҳбат бо Амири Давлати аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрии роҳбарон иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшавандаи муҳим дониста шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод