27.10.2026 09:18
Вазорати корҳои хориҷии Покистон мегӯяд, ки амалиёти низомии ин кишвар дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шуда, танҳо “террористҳо” ва пойгоҳҳои пуштибонии онҳоро ҳадаф қарор додааст.
27.10.2026 08:12
Крис Ван Ҳоллен, сенатори амрикоӣ, бо ишора ба вазъияти Каронаи Ғарбӣ ва ҳамлаҳои сокинони шаҳракҳои исроилӣ ба фаластиниён, хостори поёни ҳамдастии Амрико бо Исроил шудааст.
26.10.2026 16:44
Имрӯз, 26-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовинони вазирони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунониро таъин намуданд.
26.10.2026 14:34
Нурулло Алиев, размкори номдори тоҷик дар мусобиқаи UFC 333, ки шоми 24-ум ба 25-уми октябр баргузор гашт, муҳимтарин муҳорибаи корномаашро бохт.
26.10.2026 14:27
Бенӣ Бегин, писари Менахем Бегин, нахуствазири пешини Исроил ва муассиси ҳизби “Ликуд”, дар остонаи интихоботи Кнессет аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки ба неруҳои сиёсии хостори барканории Бенямин Нетаняҳу раъй диҳанд. Ӯ нахуствазири феълиро “таҳдид барои ҳамаи мо” номид.
26.10.2026 10:59
Дар доираи даври 10-уми Ла Лигаи Испания бошгоҳҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” бо ҳам вохӯрданд.
26.10.2026 10:58
Бинобар иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 25 октябр, соати 22:44:27 бо вақти Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
26.10.2026 10:22
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, Амрико Эронро ба коре муттаҳам мекунад, ки раисҷумҳури ин кишвар қаблан бо ифтихор аз он ёд карда буд: дуздии дарёӣ.