Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Президенти кишвар вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ҳузур пазируфтанд
16-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд.
“Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамдастии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти идомаи муколамаи пайвастаи сиёсиро барои такони тоза бахшидан ба робитаҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ, амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак зикр карданд. Дар ин зимн, ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистодаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ гардид”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ инчунин мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”