27.11.2026 12:14
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
27.11.2026 12:10
Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.
27.11.2026 09:50
Милитсияи пойтахт давоми як ҳафтаи охир 160 ҳолати ба фаъолияти мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул шудани ронандагонро ошкор кард.
27.11.2026 09:49
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори генералии намояндагии Корпоратсияи давлатии «Росатом» дар Осиёи Марказӣ Дмитрий Константинов мулоқот намуд.
27.11.2026 08:39
Дар даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими наврасони Сенегал рақобат намуд.
27.11.2026 08:31
Раҳбари Кореяи Шимолӣ зимни боздид аз таъсисоти тавлиди маводи ҳастаӣ, хостори истифодаи силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар доираи васеи маъмуриятҳои низомӣ шудааст.
27.11.2026 08:19
Раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, ҷанги Украина барои Аврупо масъалаи ҳаётӣ аст ва дар сурати танҳо гузоштани Киев, кишварҳои аврупоӣ амнияти худро дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат ба хатар рӯбарӯ хоҳанд кард.
27.11.2026 08:09
Имрӯз, 26-уми ноябр дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафири навтаъини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд.