Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Раҳимзода тоҷирони арабро барои ширкат дар форуми “Душанбе – инвест - 2025” даъват намуд
Дар шаҳри Абу-Забӣ мулоқоти намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид. Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Танӣ бин Аҳмад Ал-Зайюдӣ, вазири давлатии савдои берунаи Аморати Муттаҳидаи Араб масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ, савдо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ ва технологияҳои муосирро махсус таъкид намуданд. Ҳар ду тараф омодагии худро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, аз ҷумла ба воситаи платформаҳои шарикии стратегӣ ва ширкатҳои сармоягузории Аморат изҳор намуданд.
Султон Раҳимзода тоҷирони Аморати Муттаҳидаи Арабро барои ширкат дар форуми “Душанбе-инвест -2025” даъват намуд. Форуми мазкур моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард