29 Сентябр 2026,
сешанбе, 09:18, Душанбе
15.05.2025 10:04

Дар конфронси Ашқобод Тоҷикистон аз обшавии пиряхҳо изҳори нигаронӣ кард

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Конференсияи 7-уми Осиёи Марказӣ доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (САКИК-2025) баргузор шуд.

Дар конфронси зикршуда намояндагони ҳукуматҳо, сохторҳои соҳавӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ҳамчунин, коршиносону донорҳои байналмилалӣ ширкат намуда, масъалаҳои муҳимми тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода дар ин конфронс таъкид кард, ки Тоҷикистон бо амалӣ намудани тадбирҳои иқлимӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, таҳкими заминаҳои илмӣ ва институтсионалӣ ва ҳамчунин, ба густариши дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ мусоидат мекунад. Лоиқ Раҳмонзода бо ишора ба обшавии босуръати пиряхҳо дар минтақа таъкид кард, ки ин яке аз мушкилоти бузург дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Намояндаи Тоҷикистон меҳмони конфронсро ба Конфренсияи сатҳи баланди байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29-ум то 31-уми май доир мешавад, даъват кард.

Дар доираи конфронс баррасии мавзуъҳо доир ба маблағгузории иқлимӣ, технологияи сабз, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои минтақа матраҳ шуд.

Конфронси мазкур рӯзи 15-уми май бо  сафари саҳроӣ барои намоиши роҳи ҳалҳои экосистемавӣ барои барқарор сохтани ҷангалзорҳо ба анҷом расид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.