Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон ҳамлаи террористии Туркияро маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ҳамлаи террористӣ ба корхонаи “Tusas” дар шаҳри Анқраи Туркияро маҳкум кард.
Дар изҳорот таъкид шудааст, Тоҷикистон амали террористиеро, ки боиси кушта ва захмӣ шудани мардуми осоишта гашт, қотеъона маҳкум мекунад.
“Ба хонаводаҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд, сабри ҷамил ва ба маҷруҳон шифои комил хоҳонем” – таъкид шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
23-уми октябри соли равон дар ноҳияи Қаҳрамонқазони канори Анқара ба корхона ва иншооти “Tusas” ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, ки дар натиҷаи он мардуми осоишта ба ҳалокат расидаанд. Дар паи ҳамлаи террористӣ панҷ нафар кушта ва 22 нафар захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ду террорист, ки бо худ маводи тарканда доштанд, вориди корхона шуда, онро тарконданд. Дар натиҷаи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду террорист кушта шуд.
Масъулияти ҳамлаи террористиро гуруҳи террористӣ ва ҷудоиталаби ППК ба дӯш гирифтааст.
Баъди ҳамлаи террористӣ артиши Туркия пойгоҳҳои гурӯҳи мазкурро дар Сурия ва Ироқ мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор дод.
Мақомоти интизомии Туркия бо маҳкум намудани ҳамлаи террористӣ таъкид карданд, ки бо гурӯҳи террористии ППК мубориза хоҳанд бурд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд