13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:43, Душанбе
17.01.2025 14:35

Пизишкиён ба Қоҳир Расулзода: “Мо дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунем.”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи мулоқот ва дидорҳои худ бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон бо Қоҳир Расулзода дидор ва мулоқот намуд.

Масъуд Пизишкиён дар мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки собиқаи деринаи тамаддуниву фарҳангӣ ва равобити тӯлонии ду миллат заминаи гастариши робитаҳои дуҷонибаро фароҳам мекунад.

“Иртибототи ду миллати Эрону Тоҷикистон дарҳам танида ва амиқ аст, то ҷое ки вақте аз хиёбонҳои Душанбе убур мекунам, номҳои хиёбонҳо ва нишонаҳо ҳамонҳоест, ки мо дар китобҳои дарсии худ дар гузашта хондаем: мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Ҳофиз. Мо дар ин кишвар эҳсоси ғурбат намекунем”- таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин мулоқот ба зарурати густариши робитаҳои тиҷоративу фарҳангӣ таъкид намуда, афзуд, ки собиқаи муштараки ду кишвар тақозо мекунад, робитаҳоро густариш диҳем ва ҳамкориҳоро дар ҳама заминаҳо амиқтар кунем.

“Эрон маҳдудияте барои густариши робита бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф надорад ва талош дорем монеаҳои эҳтимолии  пеши рӯйи ин ҳадафро рафъ кунем”- таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон низ густариши ҳамкориҳо бо Эронро яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон дониста, таъкид кард, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳмияти бисёр муҳим дорад.

“Сафари Шумо ва асноде, ки миёни ду кишвар имзо шуд, барои Тоҷикистон аҳамияти бисёре дорад. Имзои ин теъдод мувофиқатнома ва санади ҳамкорӣ нишон аз сатҳи болои робитаҳои дуҷониба дорад”- гуфт Қоҳир Расулзода.

Сарвазири Тоҷикистон Қозир Расулзода бо ишора ба собиқаи тӯлонии равобити Эрону Тоҷикистон таъкид кард, ки доду гирифти тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

“Ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар бояд ҳар чи зудтар ба ду баробар бирасад ва мо хоҳони равобити амиқу густурда дар ҳама заминаҳо бо Эрон ҳастем”- афзуд Қоҳир Расулзода.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.