Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд
Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Дар ин хусус, АМИТ “Ховар” хабар дода, навишт, ки ин мулоқот рӯзи 30-юми сентябр доир шуд.
Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба Валихон Турехонов ҷониби Тоҷикистонро бо ислоҳоти конститутсионии Қазоқистон, аз ҷумла гузариш ба парлумони якпалатагӣ ва нақши Курултай ошно кардааст.
Ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон ва дурнамои рушди ояндаи онҳоро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо зарурати нигоҳ доштани пайвастагии робитаҳои мавҷуда, афзоиши тамосҳои мустақим миёни ниҳодҳои қонунгузор ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар созмонҳову платформаҳои байналмилалии байнипарлумониро таъкид кардаанд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худ барои густариши муколамаи байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкориҳои амалӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро тасдиқ намудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард