07.11.2026 10:22
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ошкори 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ хабар дод.
07.11.2026 10:21
6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд.
07.11.2026 10:20
6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
07.11.2026 08:32
Вазорати молияи Амрико эълон кардааст, ки ҳашт ширкати хидматрасонии молиявии мустақар дар Канадаро, ки ба гуфтаи ин вазоратхона, муомилот бо ниҳодҳои таҳримшудаи Эронро осон кардаанд, таҳрим кардааст.
07.11.2026 08:28
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки Вашингтон дар робита ба Эрон “пешрафти зиёде” ба даст овардааст ва Теҳрон хостори расидан ба созиш мебошад.
07.11.2026 07:23
Мелисса Флеминг, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури равобити ҷаҳонӣ, хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарон дар Афғонистон шудааст.
05.11.2026 17:27
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои оғози амалиёти низомӣ дар Баҳри Сиёҳ боиси афзоиши танишҳо мешавад. Русия ҳушдор дод, ки чунин иқдом метавонад боиси ноамнии бештар дар минтақа шавад.
05.11.2026 17:18
Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҷанг бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эоон ва ҳамкории Вашингтон бо Исроил омилҳои асосии шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико аст.