Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Беш аз 1000 меҳмон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна. Форуми «Душанбе Инвест–2025» доир мегардад
Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-ум то 16-уми октябр дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор мегардад.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо ишора ба иттилои сомонаи расмии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» хабар медиҳад, дар форуми мазкур намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла беш аз 1000 меҳмон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» таваҷҷуҳи хосса ба фаъолнокии занон дар соҳаи технология, рушди тиҷорати хурду миёна, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, сайёҳӣ ва технологияи молиявӣ дода мешавад.
Ҳамчунин, дар доираи форум намоишгоҳи «Душанбе Инвест-2025» ташкил мегардад, ки дар он дастовардҳои пешқадам дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, агробизнес ва сайёҳии устувор ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар назар аст, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» якчанд ёддошт ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод