Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Роҳи Исфара–Чоркуҳ–Ворух боз гардид
Роҳи мошингарди Исфара–Чоркуҳ–Ворух, ки дар паи муноқишаҳои марзӣ чанд сол боз баста буд, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Айбек Шаменов, дубора боз гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бо сабаби баста будани ин қитъаи роҳ сокинони деҳоти Ворух ва Чоркуҳ тавассути деҳаи Чорбоғ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекарданд. Акнун, бо боз шудани роҳ масофа тақрибан як километр кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинон осонтар шуд.
Зимни мулоқот бо сокинон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканд Айбек Шаменов аз аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳамзистии дӯстонаи аҳолии наздимарзӣ заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи робитаҳо мебошад.
Бо итминон зикр гардид, ки амалӣ шудани чунин иқдомҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намуда, ба манфиати ҳар ду халқи бародар хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод


