Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир густариши ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатарро баррасӣ карданд
Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар бахши муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонунӣ дар мулоқоти Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Кэтрин Смиттон, сафири Британияи Кабир дар Душанбе, баррасӣ шудааст.
Ба гузориши АМИТ “Ховар”, ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи “Мусоидат ба муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир”-ро барои рушди ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ кардаанд.
Дар ҷараёни мулоқот гуфта шудааст, ки дар доираи ин лоиҳа низоми иттилоърасонӣ, хатти доимоамалкунандаи машваратӣ, курсҳои омӯзиши забони англисӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва барномаҳои омодагӣ пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳандозӣ шудаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаи ҷалби бештари корфармоёни бритониёӣ ва фароҳам кардани имкониятҳои бештар барои сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба корҳои мавсимиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар поёни мулоқот, намояндагони ду кишвар омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти рушди муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонунӣ ба нафъи ҳар ду давлат таъкид карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард