Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди Қирғизистон шуд
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе, 30-уми июл, барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон вориди шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Бар асоси иттилои Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар майдони ҳавоии байналмилалии Иссиқкӯл Адилбек Касималиев, Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар истиқбол намуданд.
Ба муносибати истиқболи президенти Тоҷикистон, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ороста шуда, қаровули фахрӣ низ саф ороста шуд.
Қарор аст дар ин нишасти ғайрирасмӣ, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо президенти Озарбойҷон дар бораи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод