Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон ва Беларус дар бахши сохтмон ва меъморӣ ҳамкорӣ мекунанд
Вакилон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар ҷараёни мулоқот рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои сохтмон ва меъморӣ баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Беларус иттилоъ додааст.
Рӯзи 29-уми июл Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Вазири сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Беларус Александ Студнев мулоқот кард.
Дар ҷараёни гуфтугӯҳо ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба рушди инфрасохтори муосир дар ҳар ду кишвар равона шудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона шароити нав фароҳам оварда шавад. Ҷонибҳо аҳамияти шарикии дарозмуддати стратегиро дар ин бахшҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Дар поёни мулоқот ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки лоиҳаҳои дуҷонибаи судманд ба таҳкими равобити дӯстона миёни Тоҷикистон ва Беларус мусоидат хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд