Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд
Сироҷиддин Муҳриддин таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲИ-ро амри зарурӣ донист
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Сироҷиддин Муҳриддин таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲИ-ро амри зарурӣ донист
16-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар 30-умин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишаст табодули афкор миёни вазирони корҳои хориҷии СҲИ сурат гирифта, ҷонибҳо масоили мубрами рӯзномаи ҷории созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавқеи кишварро доир ба масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ баён намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲИ-ро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёту транзит, инчунин, энергетика амри зарурӣ донист.
"Ҳамзамон, масоили марбут ба муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, бахусус ташаббусҳои Тоҷикистон мавриди зикри алоҳида дар суханронии вазири корҳои хориҷӣ қарор гирифтанд", - навиштааст манбаъ.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар интиҳои ҷаласа Баёнияи Исломобод ва дигар санадҳои мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои узви СҲИ қабул гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад
Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад