10 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:30, Душанбе
23.05.2026 09:37

Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт

Имрӯз, 23-юми май Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” ба тасвид расид.

Гуфта мешавад, ки Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд.

“Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми камназир дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт”, - навиштааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат дар шарҳи Фармони мазкур.

Афзуда мешавад, ки иқдоми мазкур ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.

Зикр мегардад, ки ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмиллалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.

Dialog.tj

 

 

 

Хатти хабарҳо

10.11.2026 11:55

Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54

Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06

Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:57

“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
10.11.2026 08:37

Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд

Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Покистон дар тамрингоҳи минтақаи Черати Покистон бо номи “Дӯстӣ-III” баргузор шуд. Дар ин тамринҳои зиддитеррористӣ низомиёни ду кишвар табодули таҷриба намуда, такмил додани омодагии ҷангиро тамрин карданд.
10.11.2026 07:23

Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад

Федератсияи Русия барои содирот 100 ҳазор тонна сӯзишвории иловагӣ ба Тоҷикистон ҷудо мекунад. Баъди ин қарор ҳаҷми умумии воридоти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон дар соли 2026 ба 550 ҳазор тонна мерасад.
10.11.2026 06:17

Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр дар ҷараёни мулоқот бо масъулони ширкати милли шабакаҳои барқи Қазоқистон “KEGOC” бо имкониятҳои нави идоракунии шабакаҳои барқӣ, аз ҷумла истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетика шинос шудааст.
09.11.2026 15:48

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми ноябр дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дастовардҳои Қазоқистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии ин кишварро муҳим арзёбӣ карданд.
09.11.2026 15:42

Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад

Файсал Ниёз Тирмизӣ, сафири Покистон дар Русия дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки вазъияти ноустувори амниятӣ дар Афғонистон монеаи иҷрои лоиҳаҳои пайвасткунии Покистон ба Осиёи Марказӣ ва Эрон мешавад. Сафир таъкид намуд, вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа таъсир мерасонад.