Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Қатар низоми раводид бо Тоҷикистонро бекор кард
Давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати шаҳрвандони кишварҳое қарор дод, ки бе низоми раводид метавонанд 30 рӯз рафтуомад кунанд. Агентии сайёҳии кишвари Қатар дар ин бора хабар дода афзудааст, ки шумораи давлатҳое, ки дар низоми бидуни раводид қарор доранд, ба 102 адад расидааст.
Тибқи қарори мақомоти қатарӣ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд 30 рӯз бидуни дарёфти раводид дар қаламрави ин кишвар боқӣ бимонанд.
Бояд гуфт, ки сода намудани низоми раводид яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари Қатар буда, аз ин тариқ кишвари мазкур мехоҳад то соли 2030 шумораи сайёҳонро ба 7 миллион расонад.
Дар муқобил Тоҷикистон низ бо давлати Қатар низоми 30 рӯзаи бидуни раводид дорад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони Қатар метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид дар Тоҷикистон боқӣ монанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд