Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
14.10.2026 18:23
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
Вазорат дар изҳороти худ, ки 14-уми октябр нашр шудааст, аз ду ҷониби даргир даъват намудааст, ки ихтилофотро ба воситаи гуфтугӯ ҳал намоянд.
“Чунин амалҳо боиси ташаннуҷи вазъият мегарданд ва талошҳо барои таъмини сулҳу субот дар Ховари Миёнаро халалдор месозанд” – омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, ба оилаҳои қурбониён изҳори ҳамрдардии амиқ намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
14.10.2026 18:23
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:57
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
Сухангӯи Кремл кишварҳои аврупоиро ба талош барои идомаи ҷанг дар Украина муттаҳам кард.
14.10.2026 17:52
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз соли 2021 ба ин сӯ аз ҳаққи таҳсил маҳрум шудаанд. Дар ин бора Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хабар додааст.
14.10.2026 17:45
Таҳлилгари Саудӣ: Арабистони Саудӣ қасд дорад ба зерсохторҳои энергетикии Яман ҳамла кунад
Навоф Убайд, таҳлилгари масоили амниятӣ ва иттилоотӣ мегӯяд, Арабистони Саудӣ дар марҳалаи аввали нақшаи худ алайҳи Яман ба манобеи барқ ва энержии ин кишвар ҳамла хоҳад кард.
14.10.2026 17:27
Ройтерз: Марко Рубио дар Ӯзбекистон бо намояндаи Тоҷикистон мулоқот мекунад
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як сафари панҷрӯза, вориди Ӯзбекистон ва Ҳиндустон хоҳад шуд.
14.10.2026 16:44
Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Имрӯз, 14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
14.10.2026 16:15
500 сомонӣ. Боздошти марде, ки аз масҷид садуқи хайриявиро дуздиааст
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки аз масҷид пул дузидааст.
14.10.2026 16:13
Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
14.10.2026 16:12
Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ-Корея” шинос шуд
Имрӯз, 14-уми октябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози ВМКБ рафт.
14.10.2026 12:23
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ
Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
14.10.2026 12:14
Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд
Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.
14.10.2026 11:42
Филми эронии “Қиморбоз” дар ҷашвораи “Тоҷи Сомон”-и Душанбе намоиш дода мешавад
Дар шаҳри Душанбе филми “Қиморбоз”-и коргардони эронӣ Муҳсин Баҳорӣ дар доираи ҷашнвораи сеюми миллии синамои “Тоҷи Сомон” намоиш дода мешавад.