


Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад

Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон барои рушди иқтисоди сабз ва ҳамкории озод дар минтақа омода аст”

Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар Ханкендӣ оид ба масоили густариши ҳамкориҳо гуфтугӯ намуданд

100 миллион доллар барои Роғун. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдурраҳмон ал-Маршад
Сироҷиддин Муҳриддин: Тоҷикистон қотеъона куштори ғайринизомиён дар Навори Ғаззаро маҳкум мекунад
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маҷмааи гуфтугӯи байналмилалии Теҳрон ифротгароӣ ва терроризмро хатари ҷиддӣ барои башарият дониста, афзуд, ки ҷомеаи ҷаҳони барои пешгирии хушанат ва ифрогароӣ дар миёни ҷавонон иқдомҳои муассирро барномарезӣ ва амалӣ намояд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишасти байналмилалӣ аз вазъияти фоҷеабори Фаластин, таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, мушкилоти Сурияву Яман, афзоиши танишҳои байналмилалӣ ва мушкилоти вобаста ба камбуди об ва истифодаи сарчашмаҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ сухан гуфт.
Сироҷиддин Муҳриддин дар оғози суханронии худ аз даъвати Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломиии Эрон барои ширкат дар Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон изҳори сипос намуда, афзуд, доктор Аббос Ироқчӣ дар тӯли даҳаҳои ахир нақши муҳим ва зарурӣ дар баррасӣ ва таҳлили масъалаҳои калидии робитаҳои байналмилалӣ ифо намуда, ҷойгоҳи вижае дар назди масъулони баландпоя, сиёсатмадорон, андешамандон ва коршиносони байналмилалӣ касб кардааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, равандҳои бошитоб ва мушкилоти амиқ дар таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҷомеи ҷаҳониро водор месозад, то аз тариқи таҳқиқ ва гуфтугӯҳои созанда ва ё бо такя ба неруи неруманд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин масоил дошта бошад.
“Пешбинии гароишҳо ва равандҳои робитаҳои байналмилалӣ, мудирияти низоъ ва гуфтугӯҳои ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз душвортар мешавад. Ба хусус, вазъияти Ховари Миёна, аз ҷумла Масъалаи Фаластин аз муҳимтарин мавзуъҳои рӯз боқӣ мондааст. Аҳамияти пажӯҳиши амиқ дар бораи авзои Ховари Миёна ба чанд омил бастагӣ дорад. Нахуст он ки ин минтақа зарфияти болое барои бурузи низоъ, хушунат ва бесуботии музмин дорад. Тағйироти ногаҳонӣ дар вазъияти кишварҳо ва набуди сохторҳои пойдор барои таъмини субот ва рушд боиси печидатар шудани шароит мегардад”, – таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷи Тоҷикистон дар идома афзуд, ки талошҳо барои эҷоди низоми амниятии пойдор дар минтақа ба сабаби таззодҳои мавҷуди миёни кишварҳо ва набуди дарки муштарак ғолибан муваффақ набудаанд, на танҳо дастовардҳои чашмрас ҳосил нашуда, балки буҳронҳо, низоъҳо, беназмиҳо ва ҳатто хатари фурӯпошии бархе давлатҳо ба шиддати танишҳо афзудааст. Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки таҷрибаи талхи кишварҳои Сурия, Яман, Либия ва дигар кишварҳои Ховари Миёна нишон медиҳад, ки амният ва суботи пойдори минтақаӣ, пеш аз ҳар чиз, аз суботи дохилии давлатҳо сарчашма мегирад. Иқдомҳои баъдӣ барои барқарории сулҳу субот фақат дар сурати эҷоди як созукори амниятии ҷамъии минтақаӣ сармарабахш хоҳад буд. Ба назар мерасад ин амр яке аз омлилҳои калидӣ дар шаклдиҳии сохтори амнияти навин дар Ховари Миён аст.
“Чорчӯбҳои ҳамгироии минтақаӣ ба танҳоӣ қодир ба поён додан ба рақобатҳо ва ихтилофот нахоҳанд буд. Аммо ин чорчӯбҳо метавонанд меъёрҳое барои рафтор ва абзорҳое ҷиҳати гуфтугӯ фароҳам оваранд, то кишварҳои минтақа битавонанд мавзуъҳои мавриди муноқишаро баррасӣ намоянд. Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи башариро амиқан нигарон сохта, вазъияти фоҷеабори мардуми Фаластин аст. Навори Ғазза ба минтақаи оганда аз суг ва вайронӣ бадал шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъона куштори ғайринизомиёни бегуноҳ ва тахриби зерсохтҳои ҳаётӣ, назири бемористонҳо дар Фаластинро маҳкум менамояд ва хостори оташбаси фаврӣ ва эҷоди гузаргоҳҳое барои расондани кӯмакҳои башардӯстона аст. Мо бар ин боварем, ки роҳи ҳалли ниҳоии ин буҳрон, дар ташкили давлати мустақили фаластинӣ ба пойтахти Байт-ул-муқаддас нуҳуфта аст” – таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.
Сироҷиддин бо ишора ба вазъияти печидаи низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони наздиктарин ҳамсояи Афғонистон хостори сулҳ, субот ва оромиш дар ин кишвари бародар ва ҳамсоя аст. Мо аз тамоми талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти Афғонистон ва расондани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми он ҳимоят мекунем ва омодагии худро барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои шарик дар раванди иҷтимоӣ ва иқтисоди Афғонистон эълон менамоем.
“Ифротгарои ва хушунатгароии ифротӣ имрӯз ба таҳдиди ҷиддӣ барои кулли башарият табдил шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои пешгирӣ аз хушунат ва ифротгароӣ, ба хусус дар миёни ҷавонон иқдомҳои муштарак ва муассирро тарроҳӣ ва эҷод намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони мубтакири раванди “Дашанбе барои мубориза ё терроризм” бори дигар ба омодагии худ барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии зиддитеррористӣ ва бунёд ниҳодани созукорҳои эминсозии марзҳо дар моҳи ноябри соли 2024 дар кишвари Кувейт намунаи боризе аз ҳамкорҳои ҷаҳонӣ барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои асри ҳозир ба шумор меравад”.- таъки кард Сироҷиддин Муҳриддин
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки масъалаи об низ ба яке аз мавзуоти муҳими гиополитикӣ табдил шуда, паёмадҳои манфии тағйироти иқлимӣ, дастрасӣ ба сарчашмаҳои обро дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон душвор сохтааст.
“Камбуди об ва истифодаи хирадмандона аз он, имрӯз ба яке аз омилҳои аслии эҷоди танишҳо ва низоъҳои байни кишварҳо бадал шудааст. Бар ҳамин асос, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми мартро ба унвони “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардааст. Ҳамчунин, дар ростои ин ибтикор сандуқи ҷаҳонии ҳифозат аз яхчолҳо таҳти назорати Созмони Милал ташкил шудааст”, - таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд
БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад
Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба рушди “иқтисоди сабз” ва гидроэнергетика таъкид карданд
Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад
