Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Миёни Тоҷикистон ва Эрон созишномаи рушди сайёҳӣ имзо шуд
Созишномаи рушди сайёҳӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон рӯзи 2-уми декабр дар ҷазираи Кеши Эрон бо ҳузури мақомоти ду кишвар ба имзо расид.
Сафорати Тоҷикистон дар Эрон иттилоъ дод, ки дар маросими имзои созишнома сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси минтақаи озоди Кеш Муҳаммадҷаъфар Кабирӣ, раиси намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Эрон ва ҳамчунин, ҳайати бахши хусусии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон зери роҳбарии мудири ширкати “Сомон трэвел” ширкат доштанд.
Дар ин мулоқот Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ маълумот дода, дурнамо ва имкониятҳои соҳаи мазкурро баррасӣ кард.
Масъулин гуфтаанд, ки ҳадафи имзои созишнома густариши сайёҳӣ миёни ду кишвар аст. Эрон дар чорчӯби созишнома мақсад дорад, ки шумори сайёҳони Тоҷикистониро ба ҷазираи Кеш бештар кунад. Бо ин мақсад, ба роҳ мондани хати парвози ҳавоии мустақим миёни Тоҷикистон ва ҷазираи Кеш дар назар дошта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем