Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Эмомалӣ Раҳмон ва дабири СААД масъалаи таҳкими марзи Афғонистонро баррасӣ карданд
Рӯзи 11-уми апрел президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов мулоқот намуда, масъалаҳои муҳимми амниятӣ дар фазои кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуданд. Ду ҷониб иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро муҳокима намуда, ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амнияти кишварҳо таъкид карданд.
“Ба масъалаи татбиқи марҳилаи нахусти Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷуҳи махусус зоҳир гардид” – хабар додааст, сомонаи СААД.
Эмомалӣ Раҳмон ва Имангали Тасмагамбетов муносибати созанда ва бо манфиати кишварҳои аъзо барои амалӣ намудани тафоҳумномаҳои баимзорасида ва аҳмияти ҳамкориҳои устувори аъзои созмон дар ҳама заминаҳоро таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки дар соли 2025 аз сӯйи роҳбарони кишварҳои аъзои СААД баргузор гардид, бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон сурат мегирад. Чанд сол қабл Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД пешниҳод намуд, ки барои ҳифзи амнияти кишварҳои аъзои Созмон “камарбанди амниятӣ” дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷониби СААД сохта шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард