Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Туркманистон мулоқот намуд
20-уми август дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби президенти Туркманистон ба ҳузур пазируфта шуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов расонид.
“Тарафҳо зарурати рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистонро, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид намуданд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон минъбад низ ба манфиати мардуми ду кишвари бародар пайваста рушд хоҳанд ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем