Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Рустами Эмомалӣ бо раиси сенати Ӯзбекистон мулоқот кард
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санк-Петербург бо раиси Сенати Олии Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Норбоева мулоқот анҷом дод.
Раиси сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева дар ҷараёни мулоқот Рустами Эмомалиро ба муносибати раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданаш табрик намуда, изҳори итминон намуд, ки ҳамкориҳо дар сатҳи баланд ва робитаҳои мустаҳкам миёни мақомоти қонунгузории ду кишвар дар оянда низ таҳким хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи имрӯз ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила рушд меёбад, баррасӣ карданд.
Ду ҷониб имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро рӯйдоди таърихӣ номиданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот нақшаи фаъол намудани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар робита ба ташаккули ҳайати нави парлумонҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо омодагии худро барои баргузор намудани нишасти гурӯҳи дӯстии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон”, аз ҷумла дар рӯзномаи масъалаҳои назорати парлумонӣ оид ба иҷро намудани тафоҳумномаҳои имзошуда, тасдиқ намуданд. Дар доираи мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд