Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон ва Муғулистон дар бахши инноватсия ва рақамикунонӣ санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ду санади ҳамкорӣ дар бахши инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба имзо расониданд. Ин санадҳо дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.
Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади аввал – Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон, ба соҳаи рақамикунонӣ бахшида шудааст.
Санади дуюм Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ”, ки зери назорати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ фаъолият мекунад ва корхонаи давлатии “Академияи Муғулистон” низ ба ҳамкории мутақобила дар бахши рақамӣ низ шарики ҳамкорӣ хоҳад буд.
Гуфта мешавад, муқаррароти ин санадҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти рушди инноватсия, гузариш ба раванди рақамӣ, ҳамчунин, дурнамои татбиқи ҳукумати электронӣ, аз ҷумла пешбурди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамиро дар бар мегирад.
Ҷонибҳо умедворанд, ки ин ҳамкориҳо заминаи устувор барои мубодилаи таҷриба ва густариши имкониятҳои рақамии миёни ду кишварро фароҳам меорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд