11 Ноябр 2026,
чоршанбе, 15:57, Душанбе
11.11.2026 15:10

Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Маскав аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистонро коҳиш надиҳанд. Ӯ гуфт, субот дар ин кишвар на фақат ба амнияти Осиёи Марказӣ, балки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ дар минтақа низ аҳамияти муҳим дорад.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 10-уми ноябри соли 2026 дар Форуми байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти дастаҷамъӣ ширкат ва дар нишасти пленарии “Амнияти дастаҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ” суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ ба зарурати ҳамкориҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва такмили механизмҳои таъмини амният ва рушди муколамаи созанда дар миёни давлатҳо таъкид намудааст. Ӯ гуфтааст, имкониятҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ аз он вобастаанд, ки кишварҳо муносибати худро то чӣ андоза бар пояи эҳтироми якдигар ва баробарҳуқуқӣ ба роҳ мемонанд.

Ҳамчунин, хабаргузории “Спутник” (Sputnik)  иттилоъ дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин  дар ин нишаст зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани чораҳои муштаракро барои муқовимат бо хатарҳои фаромиллӣ низ муҳим донистааст.

Рӯзномаи “Ведамости” аз бахши дигари суханронии Сироҷиддин Муҳриддин, ки ба вазъияти Афғонистон бахшида шудааст, иқтибос меорад. Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи вазъияти Афғонистон мегӯяд: “Мо Афғонистони босубот ва сулҳомезро на танҳо шарти муҳимтарини амнияти Осиёи Марказӣ, балки заминаи зарурӣ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ дар фазои васеътари минтақа медонем. Мо ҷонибдори ҳалли мусолиматомези сиёсӣ дар Афғонистон бар асоси муколамаи умумимиллӣ ҳастем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳи худро ба масъалаи Афғонистон коҳиш диҳад”.

Форуми байналмилалӣ дар Маскав дар доираи раёсати Русия дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор шудааст. Дар ҷараёни он иштирокдорон масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва нақши созмонҳои минтақавиро дар ҳифзи суботи ҷаҳонӣ баррасӣ кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

11.11.2026 15:17

Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст

Футболбози ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ идома медиҳад. Ӯ бо клуби “Ал-Қодисия” шартнома баста, дар марҳилаи аввал дар ҳайати дастаи ҷавонони то 19-сола бозӣ хоҳад кард.
11.11.2026 15:10

Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Маскав аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистонро коҳиш надиҳанд. Ӯ гуфт, субот дар ин кишвар на фақат ба амнияти Осиёи Марказӣ, балки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ дар минтақа низ аҳамияти муҳим дорад.
11.11.2026 15:03

Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд

11-уми ноябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмун баргузор гардид.
11.11.2026 14:01

Ба чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи сиёсати аграрӣ» тағйироту иловаҳо ворид гардид

Имрӯз, 11-уми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
11.11.2026 11:39

“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд

Ҳамлаҳои паҳподӣ ба марказҳои коркарди маълумоти Русия дар моҳи октябр фаъолияти бархе аз хизматрасониҳои рақамиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ халалдор карданд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистон хатти нави нахи оптикиро аз тариқи Помир ба Чин ба кор андохт. Ин тарҳ на танҳо имкони пайвасти мустақим ба шабакаҳои интернетии Осиёро фароҳам меорад, балки метавонад мавқеи кишварро дар рақобати геополитикӣ барои назорат ва рушди инфрасохтори рақамии минтақа тағйир диҳад.
11.11.2026 11:15

Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем

Муҳсин Ризоӣ, китоби Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки посухи Иёлоти Муттаҳида ба ҳафт шарти пешниҳоднамудаи Теҳрон қонеъкунанда нест. Ӯ гуфт, то замони иҷрои талабҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд ва ҳоло миёни ду кишвар ҳеч гуна гуфтугӯ идома надорад.
11.11.2026 11:01

Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”

Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки нишасти навбатии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) на фақат ба масъалаҳои амниятӣ, балки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи кишварҳои узв низ бахшида мешавад.
11.11.2026 10:54

Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид

10-уми ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард.
11.11.2026 09:12

Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт

Скотт Бессант, вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди дарёфти таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарс манзили зисташ дар Вашингтонро тарк кард. Ӯро ба як пойгоҳи низомӣ интиқол додаанд.
11.11.2026 09:05

Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст

Саршумори бузи нодири кӯҳии морхӯр ё пармашох дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир дар натиҷаи амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ 10 баробар зиёд шудааст. Имрӯз саршумори он дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 1990 саршумори он 500 сар шумурда мешуд.