Сухангӯи Кремл мегӯяд, Владимир Путин омода аст бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла президентҳои Фаронса ва Украина ва садри аъзами Олмон гуфтугӯ кунад.
Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.