Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон: оғози музокирот ва густариши ҳамкорӣ
Владимир Путин, Президенти Русия барои иштирок дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Русия” ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, сафари расмӣ анҷом дод.
Рӯзи панҷшанбе, 8-уми октябр, раисиҷумҳури Русия барои иштирок дар нишасти зикршуда ва ҳамчунин, иштирок дар иҷлоси сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди Душанбе шуд. Сипас, рӯзи ҷумъа, 9-уми октябр, Владимир Путин бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ва музокирот анҷом дод.
Дар ин дидори дуҷониба Владимир Путин Тоҷикистонро “иттифоқчии боэътимод” номид ва таъкид кард, ки муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дифоъ ва амният босуръат рушд доранд. Эмомалӣ Раҳмон низ аз тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, амниятӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуд ва Русияро шарики асосии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба густариши минбаъдаи равобити иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои дуҷониба ба тавофуқ расиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод