Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо Аббос Ироқчӣ
Имрӯз, 30-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвари кишвар аз раванди рӯ ба пешрафти муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни роҳбарони ду кишварро дар таҳкими робитаҳо муҳим арзёбӣ карданд.
“Алоқамандии ҳар ду ҷониб ба тавсеи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид”- зикр кард, дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот мавзуи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи хос қарор доштанд ва ҳар ду ҷониб омодагии худро барои рушди робитаҳо дар бахшҳои калидӣ таъкид намуданд.
Аз ҷумла, соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёти байналмилалӣ, кишоварзӣ, илм ва технология, тандурустӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг ба ҳайси самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номбар шудаанд.
Ҳамзамон, гуфтугӯи судманд доир ба масъалаҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо мебошанд, доир гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд