13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:41, Душанбе
27.08.2026 16:33

Рустами Эмомалӣ Игор Ивановичро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Молдова табрик гуфт

Тавре ки саҳифаи расмии шаҳрдори Душанбе дар Телеграм хабар медиҳад, раиси Маҷлиси милллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо паёме раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова Гросу Игор Ивановичро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Молдова табрик кард.

Дар паём қайд шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаро бо Ҷумҳурии Молдова баланд арзёбӣ намуда, ҷонибдори рушди пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Эътимод дорам, ки рушди минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни давлатҳои мо мусоидат хоҳад кард.

“Ба Шумо, муҳтарам Игор Иванович, саломатии қавӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои нав орзу намуда, ба мардуми Молдова сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ таманно дорам”, - навиштааст манбаъ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.