Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир
26-уми феврали соли равон дар шаҳри Лондон нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” баргузор гардид, ки дар он ҳайати кишвар бо роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нишаст ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, доир ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таҳкими робитаҳо дар соҳаи амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор карданд.
“Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ зикр намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар солҳои охир дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм тамоюли мусбат касб намудааст. Таъкид гардид, ки баргузории нишасти мазкур бозгӯи иродаи қавии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими шарикии созанда бо Британия Кабир ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоияи мазкур.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”