13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:43, Душанбе
23.06.2026 20:43

Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо президенти Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт

23-юми июн дар Австрия вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва дигар намояндагони ҳайати кишвар бо президенти Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа мулоқот карданд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди OPEC оид ба рушди байналмилалӣ мавриди баррасии қарор гирифтанд.

"Ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар бахшҳои энергетика, захираҳои об, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоя барои амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди кишвар мубодилаи афкор намуда, имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар самтҳои мазкур баррасӣ карданд", - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Фонд дар самти татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.