Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия бо иштироки сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва сардори Департаменти сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлманн баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни муколама доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ, инчунин, ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба навиштаи манбаъ, миёни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор гардида, ҳузури ширкатҳои австриягии “Фойт Ҳайдро”, “Андритс Ҳайдро”, “Доппелмайр” ва “АМЕ” дар соҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон намунаи ҳамкориҳои муваффақи Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкории Аврупо ба ҳисоб меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид