18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 14:31, Душанбе
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд.

Ба навиштаи манбаъ, ҳамкории ду кишвар имрӯз доираи васеи соҳаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва амниятиро дар бар мегиранд.  

“Ба натиҷаҳои мулоқоти Сарвари давлати мо бо Президенти ИМА ва нишасти сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)”, ки соли гузашта дар Вашингтон доир гардиданд, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд. Ду ҷониб, ҳамчунин, раванди татбиқи мувофиқаҳои дар зимн бадастомадаро ба баррасӣ гирифтанд”, - афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.
18.11.2026 09:02

Чин: Бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ мекунем

Си Ҷинпин, роҳбари Чин мегӯяд, ки новобаста аз тағйироти вазъи байналмилалӣ, сиёсати кишвараш дар самти ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон тағйир нахоҳад кард.
18.11.2026 07:32

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд: сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон низ 8,3 фоиз зиёд шудааст.