Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Матлубахон Сатториён: “Нобиғагони тоҷикро ба миллати дигар мансуб донистан баҳсбарангез аст”
Матлубахон Сатториён, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар хусуси барномаи телевизиони СNN, ки дар он Абуалӣ ибни Сино ҳамчун олими ӯзбек муаррифӣ шудааст, посух дод.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён таъкид кард, ки дар ҳақиқат барномае, ки аз воситаи СNN нашр шуд, воқеиятро таҳриф мекунад. Ӯ афзуд, ки бидуни ба инобат гирифтани сарчашмаҳои таърихӣ нобиғгони илму адаби тоҷик ва мероси адабии миллати моро ба миллати дигар мансуб донистаанд, ки он баҳсбарангез аст.
“Ман бовар дорам, ки дар ин росто олимону донишмандони шинохтаи мо бо далелҳои раднопазир дар хусуси фарҳангу адабиёти миллӣ посухи шоиста хоҳанд дод”- таъкид кард Матлубахон Сатториён.
Малтубахон Сатториён афзуд, ки ин таҳриф нафақат ба фарҳангу адаби тоҷик, балки ҳавзаи оламшумули адаби форсӣ рабт дорад. Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид кард, ки аз ҷониби олимони кишварҳое, ки шомили ҳавзаи адаби форсӣ ҳастанд, ҳатман вокуниш ба амал меояд.
“Як чизро ба назар гирифтан лозим аст. Андешаҳои безамина ҳастанд. Изҳороти расмии кишвари ҳамсоя нест ва посух ба ин амал бояд бо риояи меъёрҳои дипломатӣ қотеъона, вале дар ҳамин поя бошад. Итминон дорам, ки аз ҷониби олимону таърихшиносон, аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, на танҳо дар расонаҳои ватанӣ, балки дар расонаҳои хориҷӣ сурат хоҳад гирифт” –афзуд Вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл телевизиони СNN барномаеро дар бораи Абуалӣ ибни Сино пахш кард ва дар он ӯ ҳамчун олими ӯзбек муаррифӣ шуд. Баҳси олими ӯзбек муаррифӣ шудани Абуалӣ Сино нав нест. Дар замони Шӯравӣ низ оид ба мансубияти миллии Абуалӣ ибни Сино баҳсҳо, ҳатто дар сатҳи олии роҳбарони ду кишвар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷараён дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд