3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
25.05.2026 09:35

Сарвари давлат: “Футболи тоҷик дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад”

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон шуда, ҳамасола 25-уми май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик намуданд.

Сарвари давлат, иброз доштаанд, ки “футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳимми таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст”.

“Боиси ифтихори мост, ки Рӯзи футбол маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин иқдоми муҳим на танҳо нуфузи кишвари моро дар арсаи варзиши байналмилалӣ тақвияти бештар бахшид, балки саҳми Тоҷикистонро дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили сулҳ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда боз ҳам намоён сохт. Зеро моҳияти бозии футбол низ дар он зоҳир мегардад, ки инсонҳоро, сарфи назар аз миллат, нажод ва синну сол муттаҳид мекунад ва иродаи пирӯзиро афзун мегардонад”, - зикр шудааст дар паёми шодбош Президенти кишвар.

Ҳамчунин, Роҳбари давлат зикр нашудаанд, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе Варзишгоҳи миллӣ барои 30 ҳазор нафар тамошобин ҳамчун туҳфаи ҷашнии Ҳукумат ба варзишгарон ва дӯстдорони футбол ба истифода дода мешавад.

“Имрӯз футболи тоҷик дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад. Бовар дорам, ки мураббиён, мутахассисон ва футболбозони кишвар бо ҳисси баланди масъулият, иродаи қавӣ ва маҳорати касбӣ минбаъд низ бо пирӯзиву дастовардҳои худ парчами давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, барои тарғиби варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим саҳми босазо мегузоранд”, - омадааст дар матни паёми шодбошӣ.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.