Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Мулоқоти Сарвари давлат бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ
Имрӯз, 14-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба роҳбарияти он арзи сипос намуданд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар самти ташаккули инфрасохтори муосир ва пешбурди рӯзномаи рушди устувор, ҳамчунин, иқтисоди «сабз» мебошад.
“Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун ва идомаи таҷдиди неругоҳи Норак таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шуд”, - омадааст дар иттилоияи хадамоти Президенти кишвар.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”