29 Сентябр 2026,
сешанбе, 09:17, Душанбе
23.05.2025 08:13

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Антонио Гуттериш дар мақари СММ

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе рӯзи 21 –уми май дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттериш мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни мулоқот таъкид намуд, ки  ба рушди муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти хос медиҳад ва ин ниҳодро яке аз шарикони асосӣ дар арсаи ҷаҳонӣ  мешуморад.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ аз ҳолати ҳамкории рӯзафзуни Созмони Милал бо парламентҳои миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар хусуси саҳми мақомоти қонунгузори мамлакат, аз ҷумла Маҷлиси миллӣ дар амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи вазифаҳои “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои даври то соли 2030”, ки  Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг шудаанд, гуфтугӯ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ду ҷониб масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба башарият, пешгирии офтаҳои табиӣ, ҳизфи пиряхҳоро баррасӣ намуданд. Дар хусуси аҳамияти Конфронси байналмилалии ҳизфи пиряхҳо, ки аз 29 то 31-уми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, табодули андеша сурат гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот ба нақши муҳимми Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои амниятӣ, ба вижа вокуниш ба хавфу таҳдидҳои физояндаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Вобаста ба вазъи имрӯзаи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори истиқрори сулҳ ва оромии комил ва рушди босуботи он аст ва талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милалро дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот пуштибонӣ мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.