13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:42, Душанбе
13.01.2025 11:59

Ироқчӣ: «Сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳо муҳим аст»

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён охирин вазъияти муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод. Вазири хориҷии Эрон дар остонаи сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон аз сафир гузориши комил оид ба рушди муносибатҳои ду кишварро шунид.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар остонаи сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон гузориши муфассал оид ба вазъияти муносибатҳо байни ду кишвар ироа карда, таъкид намуд, ки муносибат байни ду кишвар дар ҳоли рушд аст.

Сайидаббос Ироқчӣ дар суҳбат бо сафир таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба далели робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар сиёсати хориҷии Эрон аҳмияти хос дорад. Вай афзуд, ки пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонии ду миллат ва вуҷуд доштани зарфиятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар самтҳо, дар остонаи сафари президент ба Тоҷикистон, фурсати муносиб барои тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамкориҳо байни ду кишвар мебошад.

Чанде қабл сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ низ оид ба сафари қарибулвуқуи президенти Ҷумҳурии Исломи Эрон изҳори назар карда, таъкид карда буд, ки он дар нимаи моҳи январ сурат мегирад ва ду рӯз идома хоҳад дошт.

“Сафар ба Тоҷикистон аввалин сафари минтақавии президент ба минтақаи Авруосиё хоҳад буд. Робитаи мо бо Тоҷикистон робитаест тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ аст. Аз ҳар ҷиҳат, робитаи мо бо Тоҷикистон робитаи бисёр муҳим аст. Дар ин сафар асноди муҳимме дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба имзои ду тараф хоҳад расид. Кушодашавии яке аз марказҳои муҳимми фарҳангӣ ва ифтитоҳи маркази саломатии “Ҳилоли Аҳмар” дар Тоҷикистон аз дастури корҳои сафари президент ба ин кишвар аст, ки ба даъвати президенти Тоҷикистон анҷом мешавад”- таъкид намуд Исмоил Бақоӣ.

Лозим бар зикр аст, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон дар давраи президентии Иброҳим Раисӣ дубора густариш ёфт. Дар он даврон роҳбарони кишварҳо сафарҳои расмӣ анҷом дода, санадҳои муҳиммеро дар робита ба густариши муносибатҳои дуҷониба имзо карданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии президенти ҷадиди Эрон  ширкат намуда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.