Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Барои рушди соҳаи маориф. Иштироки Раҳим Саидзода дар нишасти вазирони маорифи ОМ ва Чин
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, дирӯз, 12-уми май 25 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин нишасти вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Манбаъ менависад, ки дар чорабинии мазкур роҳбарони вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намудаанд.
Гуфта мешавад, ки Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид дошт, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии муносибатҳои геополитикӣ, омӯзишу таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ ҳамчун рукни асосии рушди ҳар як ҷомеа аҳамияти хосса пайдо намуда, ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳандозии формати “Чин - Осиёи Марказӣ” заминаи густурдаеро барои муколама ва табодули таҷрибаи муассир миёни кишварҳои минтақа фароҳам меорад.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм зимни нишаст ба зарурати ҳамоҳангсозии низоми таҳсилот, густариши лоиҳаҳои муштарак, таҳияи барномаҳои ҳамтаълимӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, таълими пайвастаи калонсолон ва ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ дар самти технологияҳои нав ишора намуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳошияи нишасти мазкур маросими ифтитоҳи як қатор лоиҳаҳои муҳими муштарак, аз ҷумла, таъсиси Паймони ҳамгироии истеҳсолот ва таҳсилоти “Чин – Осиёи Марказӣ”, ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии такмили ихтисоси омӯзгорон, оғози фаъолияти як маркази байналмилалии тиббӣ дар Остона, лабораторияҳои муштараки илмӣ ва имзои чандин ёддошту созишномаҳо миёни муассисаҳои таълимии кишварҳо баргузор шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард