Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Сарвари давлат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос мулоқот намуданд
5-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем”, - иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб иброз гардид.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад ва манфиатдор аст, ки рӯзномаи ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёбад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод