Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд
Сироҷиддин Муҳриддин таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲИ-ро амри зарурӣ донист
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд
Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр дар шаҳри Брюссел дар нишасти дуюми вазирон оид ба амнияти байниминтақавӣ ва рушди робитаҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат намуд.
Тибқи иттилои Комиссияи Аврупо ширкаткунандагони нишаст масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва рақамикунониро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, ба зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо барои ҳалли мушкилоти умумии амниятӣ ва рушди робитаҳои иқтисодӣ таъкид намуданд.
Идибек Қаландар дар ҷараёни суханронии худ мавқеъ ва афзалиятҳои Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори нақлиётиву транзитӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетикаи сабз ва рақамикунонӣ муаррифӣ намуд. Ӯ ҳамчунин, ба имкониятҳои ҷалби сармоягузории аврупоӣ дар доираи ташаббуси “Global Gateway” ишора намуд.
Дар мулоқот намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Дар ин нишаст яке аз мавзуҳои муҳимми баррасишуда мавзуи рушди долон ё роҳи Транскаспий, маъруф ба “Долони Миёна” буд. Ин масир Осиёи Марказиро ба воситаи Баҳри Каспий ба Қафқози Ҷанубӣ ва аз он ҷо ба воситаи Туркия ва Баҳри Сиёҳ ба бозори Аврупо мепайвандад.
Иттиҳоди Аврупо рушди ин долонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ва нақлиётии худ медонад.
Тибқи иттилои Комиссияи Аврупо роҳандозии ин лоиҳа метавонад имкониятҳои нави тиҷоратӣ фароҳам кунад, робитаҳои рақамиро беҳтар намояд, амнияти энергетикиро тақвият диҳад ва роҳҳои таъминоти молро гуногунтар созад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард
“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд
Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд