Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд
Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Корея масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Имрӯз, 16-уми сентябр дар шаҳри Сеул дар доираисафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олииТоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар мулоқоти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Манбаъ навиштааст, ки тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шуд.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот таъкид гардид, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.
Зикр мегардад, ки иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
“Ифтитоҳи намояндагии Агентии рушди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, ба фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баҳрабардорӣ аз Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ (EDCF) дар густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"
Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд