Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Вазирони хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар хусуси Афғонистон гуфтугӯ намуданд
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин субати телефонӣ анҷом дод.
Тибқи иттилои ВАО дар суҳбати вазирони хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои калидии муносиботи дуҷониба, ба вижа масъалаҳои Афғонистон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар суҳбати телефонӣ ду ҷониб ба уҳдадориҳои муштарак барои ҳифз ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар робита ба масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид карданд.
Тоҷикистон ва Русия қаблан низ дар хусуси Афғонистон ва нигарониҳои амниятии вобаста ба ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир гуфтугӯ намуда буданд.
Дар моҳи октябри соли 2024 Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия таъкид карда буд, ки ҳамкориҳои амниятии Маскав ва Душанбе бештар ба масъалаи Афғонистон вобаста аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Афғонистон ҳамсоя аст ва марзи тӯлонӣ дорад. Тоҷикистон ҳамеша аз ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ ва қочоқи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ кардааст. Тоҷикистон ташаббускори сохтани “камарбанди амниятӣ” дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст. Барномаи тақвияти марз аз соли 2025 аз сӯйи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ анҷом дода мешавад.
Хатти хабарҳо
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Мақоми амрикоӣ: ҷанг бо Эрон баъд аз интихобот ба поён мерасад
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем