13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:43, Душанбе
26.06.2026 07:33

Тоҷикистон ба мардуми Венесуэла дар паи зилзилаи шадид изҳори тасаллият кард

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба заминларзаи шадиди Венесуэла, ки боиси ҳалокат ва осеб дидани шумори зиёди одамон ва ҳамзамон ворид гардидани хисороти зиёд ба бинову иншоот гардид, ҳамдардӣ ва таслияти худро ба мардуми ин кишвар иброз кардааст.

Вазорати хориҷа рӯзи панҷшанбе, 25-уми июн, дар барқияи изҳори тасаллӣ навиштааст, ки хабари ин офати табиӣ боиси таассуфи амиқи ҷониби Тоҷикистон шудааст.

Дар ин барқия омадааст, ҳамчунин, ба пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимӣ иброз менамояд.

Вазорат ҳамчунин, ба ҳамаи осебдидагони ин заминларза шифои комил орзу кардааст.

Ин изҳори ҳамдардӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар манотиқи осебдидаи Венесуэла идома дошта, мақомот барои расидагӣ ба паёмадҳои ин офати табиӣ талош мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.