Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вазорати меҳнат дар шаҳри Маскав шароити кории муҳоҷирони тоҷикро санҷид
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия бо гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳри Маскав кор ва фаъолият мекунанд, мулоқот анҷом дод.
Ин мулоқот рӯзи 25-уми август дар майдони сохтмонии ширкати “Гарант-Проект” доир шуд, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон дар як бинои сохтмонӣ дар кӯчаи Стахановская машғул ба кор буданд.
Намояндагони Вазорат дар ҷараёни мулоқот ба муҳоҷирон таъкид намуданд, ки қонунҳои Русия, қоидаҳои бехатарии кор ва меъёрҳои санитариро қатъиян риоя кунанд.
“Шаҳрвандон бояд дар хотир дошта бошанд, ки ширкат дар созмонҳои мамнуъ ё муроҷиат ба сарчашмаҳои интернетии шубҳанок метавонад хатарнок бошад. Бояд ҳушёр буд ва ба иғво дода нашуд”- таъкид карданд намояндагони Вазорат.
Намояндагони Вазорат ҳамчунин, вазъият ва шароити кории муҳоҷиронро баррасӣ карда, ба масъалаҳои пардохти саривақтии маош ва иҷро намудани шартҳои шартномаҳои меҳнатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид шуд, ки муҳоҷирон бояд қабл аз оғози кор бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.
Намояндагони Вазорат бо ишора ба охир расидани муҳлати фармони Президенти Русия, ки аз 30-уми декабри соли 2024 таҳти №1126 содир шуда буд, ишора намуда, зикр карданд, ин муҳлат баъди ду ҳафта ба итмом мерасад ва ба муҳоҷирон тавсия доданд, ки ҳарчӣ зудтар мақоми будубоши худро қонунӣ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард